«ТОҶИКСОДИРОТБОНК» БА ДЗЮДО МЕГУЗАРАД

Апрель 30, 2009 09:59

                     Душанбе, 30 апрел. ( АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-«Тоҷиксодиротбонк» дар роҳи дастгирии табақаи ниёзманду бепарасторон чанд соли охир хеле фаъол аст. Бонки мазкур сарпарастии мактаб- интернати кӯдакони бепарастори шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт, ки 219 нафарро ба таълим фаро гирифтаанд, ба зимма дорад.      «Тоҷиксодиротбонк» ҳамчунин ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар табақаи эҳтиёҷманд кӯмак мерасонад.                   «Баъди таъкиди Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷл иси Олӣ дар бораи дастгирии ҳифзи иҷтимоиву иқтисодии аҳолии ниёзманд, фаъолияти хайриявию эҳсонкории хешро дучанд афзун хохем кард», — иброз дошт раиси Шӯрои директорони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пиров                    Роҳбарияти бонк тасмим гирифтааст, ки сарпарастии Федератсияи гӯштини дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ ба зимма гирифта, аз ҷиҳати молиявӣ дастаро дар мусобиқоти байналмилалӣ таъмин намояд.

Апрель 30, 2009 09:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид