«ТОҶИКСУҒУРТА» ФАЪОЛИЯТАШРО ГУСТАРИШ МЕДИҲАД
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — 16 апрели соли ҷорӣ дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2009 баргузор гардид. Дар он раиси Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон Аловиддин Сатторов баромад намуда, қайд кард, ки Ширкати мазкур фаъолияти кории худро бо ду шакли суғурта амалӣ мегардонад. Суғуртаи ихтиёрӣ ва суғуртаи ҳатмӣ. Имрӯз аз рӯи 36 намуди суғурта ба аҳолӣ хизмат расонида истодааст, ки аз онҳо 13 намудаш суғуртаи ҳатмӣ ва 23 намудаш суғуртаи ихтиёрӣ мебошанд. Дар семоҳаи аввали соли 2009 Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳамагӣ 208,7 ҳазор шартномаи суғуртавӣ бастааст, ки аз ин 72,9 ҳазортош аз рӯи суғуртаи ҳатмӣ ва 135,9 ҳазортош аз рӯи суғуртаи ихтиёрӣ мебошад. Инчунин Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки ба молу амвол ва саломатиашон осеб расидааст ба маблағи 1 миллиону 550,9 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарар ҳақгузорӣ намудааст, ки ин нисбати маблағи дар семоҳаи авали соли сипаригардида ҳақгузоришуда 299.0 ҳазор зиёд мебошад. Дар фарҷом А. Сатторов ба саволҳои хабарнигорон посухҳои мушаххас дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






