«ТОҶИКСУҒУРТА» НИЗ БА ХУРОСОН КӮМАК КАРД
Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон «Тоҷиксуғурта» баъди маҷлиси сайёр дар назди Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов, ки 24 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Хуросон нисбати дастгирӣ ва кӯмаки аҳолии зарардидаи ноҳия аз ҳодисаи табиӣ баргузор гардида буд, ба зарардидагоне, ки дорои полиси суғуртавӣ буданд ба маблағи 26 ҳазору 380 сомонӣ товони зарар пурра пардохт карда шуд. Инчунин, 30 апрел баъди анҷоми машварати дар назди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, Ширкати давлатии «Тоҷиксуғурта» иқдом гирифт, ки ба таври иловагӣ ба зарардидагони ноҳияи Хуросон аз офати табиӣ ба андозаи 240 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд, ки ин маблағ худи ҳамон рӯз ба суратҳисоби шӯъбаи давлатии суғуртаи ноҳия гузаронида шуд. Ин маблағ барои дастгирӣ ва тармими 87 хонаҳои истиқоматӣ, ки аз офати табиӣ зарар дидаанд равона карда мешавад. Аз ин миқдор ба 22 адад хонаҳои истиқоматие, ки бо тамоми молу амволаш пурра зарар дидаанд, ба ҳар кадоми онҳо 5 ҳазор сомонӣ, ба маблағи умумии 110 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст. Ба 65 адад хонаҳои истиқоматие, ки қисман зарар дидаанд ба ҳар кадоми онҳо 2 ҳазор сомонӣ, ба маблағи 130 ҳазор сомонӣ дода мешавад. Бояд гуфт, ки ҷамъулҷамъ Ширкати давлатии «Суғуртаи Тоҷикистон» ба мардуми зарардидаи ноҳияи Хуросон ба маблағи 266 ҳазору 389 сомонӣ ёрии беғаразона ва пардохти суғуртавӣ расонид.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






