ВАЗЪИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН ДАР МИНТАҚАИ КӮЛОБ

Апрель 29, 2009 15:02

                Кӯлоб, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ 182 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор карда, аз қонуншиканҳо ба маблағи 56600 сомонӣ ҷарима ситонд, ки аз ин маблағ 29045 сомонӣ ба суратҳисоби махсуси кумита ворид гардид, гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси кумитаи заминсозии минтақаи Кӯлоб Нурулло Идиев.         Вайронкунандагони қонунгузории замин бештар дар ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мӯъминобод, Шӯрообод, Ҳамадонӣ ба қайд гирифта шуданд. Ба гуфтаи ин манбаъ дар тӯли 4 моҳи соли ҷорӣ 4069 адад танзими замин тайёр карда шудааст, ки аз ин 296 адад барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ, 3348 адад барои ба расмият даровардани хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон ва 111 адад барои дигар эҳтиёҷҳо равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Кумитаи заминсозӣ 4006 парвандаи танзими замин тайёр карда шуда, 1160 -тои он бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъминанд. Гуфта мешавад, ки кумитаи мазкур оиди муроҷиати шаҳрвандон ба 217 мактуб ва 294 арзу шикоятҳо ҷавобҳои мушаххас гардонид.

Апрель 29, 2009 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид