ВАЗЪИ КИШОВАРЗӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).-Кишоварзони минтақаи Кӯлоб дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои кишоварзӣ 138503,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта 10645,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Тавре ҷонишини сардори раёсати кишоварзии гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб Самад Бӯйдоқов иброз дошт кишти ғалладонагиҳо мувофиқи дурнамо 128910 гектар буда, то инҷониб 94816 гектар кишт карда шудааст, ки 73,6 фисадро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи ин манбаъ, айни ҳол дар майдони 1726 гектар кишти сабзавот, 195 гектар кишти сабзавоти барвақтии зери плёнка гузаронида шудааст. Ба гуфти Буйдоқов дар ноҳияҳои пахтакор дар майдони 13971 гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст, ки дар аксари заминҳо навъи пунбадонаи серҳосили «Флора» ва «Кармен» мебошанд. Гуфта мешавад, бо мақсади бозомӯзии роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ ва Данғара курсҳои бозомӯзӣ таъсис гардид, ки деҳқонон ва мутахассисони соҳаи кишоварзӣ омӯзонда мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






