ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶТ ДАР МАСКАВ БА АЁДАТИ ҲУНАРПЕШАИ МАШҲУР РАФТ

Апрель 30, 2009 16:13

                  Душанбе, 30 апрел. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Вазири фарҳанги Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ дар Маскав ба аёдати Ҳунарпешаи Халқии ИҶШС Ҳанифа Мавлонова рафт, ки дар шифохона табобат карда мешавад. Ҳанифа Мавлонова соли 1936 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинободро хатм карда, аз соли 1937 то соли 1939 дар Театри тамошобини навраси шаҳри Ленинобод кор мекард ва то соли 1943 овозхони театри мусиқии драммавӣ буд.                  Ҳ.Мавлонова баъдан яке аз ҳунарпешагони асосии Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ гардид. Ӯ солҳои 1952 — 59 дар Консерваторияи Маскав таҳсил кардааст. Овози ӯ хусусияти хос дошта, бо тобишҳои гуногуни худ фарқ мекард.                   Ҳ.Мавлонова аввали солҳои 90 — уми асри гузашта Тоҷикистонро тарк намуд ва ҳоло ҳамроҳи духтараш дар Маскав зиндагӣ мекунад. Ҳ.Мавлонова чанд рӯз пеш бо сабаби беморӣ дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав хобонда шуд.                 Мирзошоҳрух Асрорӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунарпеша кӯмаки моддӣ расонд.                                                                         Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 30, 2009 16:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид