ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ЧЕХИЯ БА ТОҶИКИСТОН ТАШРИФ МЕОРАД

Апрель 20, 2009 16:00

                 Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Темур Бандишоев). — Тавре хабар дода шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз эътиборномаи сафири кабири Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон Роберт Капетскиро қабул намуд. Сафир баъди анҷоми мулоқоташ бо Сарвари давлат бо хабарнигорон сӯҳбати мухтасар анҷом дод. Вай зикр намуд, ки мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят мароқовар ва самарабахш буд.                  «Мо вазъи имрӯзаи муносибатҳои Тоҷикистону Чехияро мавриди таҳлил қарор додем. Бояд гуфт, ки равобити иқтисодии ҳар ду кишвар сол то сол вусъат меёбад. Ман сафири сеюми Чехия дар Тоҷикистон мебошам», — гуфт Р.Капетски. Вай афзуд, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи хар ду кишвар муҳокима карда шуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза ба муқобили терроризми байналхалқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.                  «Мо ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистонро бо Иттиҳоди Аврупо муҳокима кардем. Тавре ки маълум аст, Ҷумҳурии Чехия айни ҳол раёсати Иттиҳоди Аврупоро ба ӯҳда дорад». Ба қавли сафир, Тоҷикистону Чехия айни ҳол муносибатҳои хуби сиёсӣ доранд. Ба ин сафари Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Прага дар соли 2004 шаҳодат медиҳад.                 Аз он рӯзҳо 5 сол гузашт ва мо имрӯз изҳор намудем, ки марҳалаи нави ҳамкориро шурӯъ кардан лозим аст. Дар робита масъалаи сафари вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Прага мавриди муҳокима қарор гирифт. Моҳи май дар ин ҷо мулоқоти вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад. Дар робита бо ин ташрифи вазири корҳои хориҷии Чехия ба Тоҷикистон пешбинӣ карда мешавад. Умед аст, ки ҳамаи ин ба Тоҷикистон барои мавриди истифода қарор додани захираю имкониятҳои рушди ҳамкории иқтисодӣ ва фарҳангӣ имкониятҳои калон муҳайё хоҳад сохт. Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ, тиҷорат ва соҳибкорӣ самарабахш ҳамкорӣ карда метавонанд.                   Имрӯз намунаҳои аввалини сармоягузориро аз Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон мушоҳида кардан мумкин аст. Тавре хабар дода шуда буд, Чехия барои тармиму таҷдид ва беҳтар сохтани фаъолияти корхонаи сементбарорӣ маблағ ҷудо кардааст. Соҳибкорони Чехия дар бобати сохтани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ таҷрибаи калон доранд. Мо ду сол пеш ҳамчун кӯмак ба Тоҷикистон таҷҳизоти нахустини тоза кардани обро оварда будем, гуфт сафири Чехия.                                                                    Тарҷумон — Қудратов А.  

Апрель 20, 2009 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд