ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ПОРТУГАЛИЯ БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова). — Сафири кабири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев бо сафири Ҷумҳурии Португалия дар Федератсияи Русия Мануэл Марселу Курту мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба сафари вазири корҳои хориҷии Португалия ба Тоҷикистон муҳокима шуданд. Тибқи нақша вазири корҳои хориҷии Португалия зимни сафар бо роҳбарияти мамлакат мулоқотҳо анҷом хоҳад дод. Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаҳои равнақу ривоҷи муносибатҳои дуҷониба низ дахл карда шуд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






