ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ ИДМ ТАЪСИРИ БӮҲРОНИ МОЛИЯРО МУҲОКИМА НАМУДАНД

Апрель 7, 2009 11:53

                  Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов дар шаҳри Москва дар машварати вазирони молияи мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд, ки дар он ҳамчунин вазирони молияи Россия, Украина, Белорус, Казоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озорбойҷон, Арманистон ва Молдова ширкат доштанд.                  Дар раёсати котиботи вазорати молияи ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки дар машварат масъалаҳои бахши молияву бонкӣ дар кишварҳои ИДМ, таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявӣ, роҳҳои бартараф кардани он ва дар амал тадбиқ намудани чорабиниҳои зиддибўҳронӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.                 Оид ба васеъ намудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, дар ҷавоб ба бўҳрони молиявӣ таклифҳо пешниҳод карда шуд. Бахусус, зарурияти васеъ намудани муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва умуман гардиши мол байни мамлакатҳо, зарурияти аз байн бурдани ҳар гуна садди маъмурӣ, кушодани роҳ ба бозор ва захираҳои молиявӣ, таъмини озоди сармоя, қувваи корӣ ва истифодаи васеи асъорҳои миллии мамлакатҳои ИДМ дар амалиётҳои бонкӣ аз ҷониби вазирон пешниҳод карда шуд.                 Қайд карда шуд, ки дар шароити таъсири манфии бўҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ барои мамлакатҳои СНГ таҳия ва амалӣ намудани маҷмўи чораҳо оид ба осон гардидани роҳи баровардани истеҳсолкунандагони моли ИДМ, ба бозорҳои мамлакатҳои аъзо ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин паст кардани монеаҳои гумрукӣ ва тараққӣ додани долонҳои транзитӣ.                Ба ғайр аз ин, масъалаҳои сиёсати оқилонаи макроиқтисодӣ, маҳдуд намудани касри буҷет, тавваруми мўътадил ва қурбӣ назоратшавандаи асъорҳои миллӣ дар маркази таваҷҷўҳи машварат қарор дошт.                 Дар машварат ба масъалаҳои таъсис додани Маркази ягонаи молиявӣ оид ба ташаккули механизми ба таври таъҷилӣ аҳамият додани давлатҳои аъзои ЕврАзЭС ба таҳдиди ташаннуҷи молиявӣ дар ҳолати ноустуворӣ дар бозорҳои молиявӣ ва фондии ҷаҳон, низ диққат дода шуд. Бинобар ин масъалаи таъсис додани Фонди зиддибўҳронии ЕврАзЭС баррасӣ карда шуд, ки барои иштирок дар он Россия, Қазоқистон ва Арманистон изҳори хоҳиш намуданд.               Тоҷикистон низ оиди иштирок дар фонди мазкур пешниҳод намуд, ки барои мамлакатҳои даромадашон паст оид ба дастгирии барномаҳои зиддибўҳронӣ дар самти алоҳида лоиҳаҳо ҷудо карда шавад. Яке аз натиҷаҳои муҳим, ки дар машварат ба даст омад, ин ба мувофиқа омадани вазирони молия ва раисони Бонкҳои марказии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият бар зидди ҷараёни бўҳрон, яъне амалӣ намудани сиёсати дурусти пуливу қарзӣ ва буҷету андоз, ба ғайр аз ин андешидани чораҳо оид ба ҳифзи бозорҳо, сиёсати муҳоҷират, ки бўҳрон боиси кам гардидани ҷойҳои корӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Россия гардид, ба шумор меравад.              Инчунин пешниҳод оиди такмил додани сохтори институтҳои байналмилалии молиявӣ, асъори байналмилалӣ, нигоҳ доштани захираҳои тиллову асъорӣ мавзўи муҳокима қарор дода шуд.              Дар анҷоми машварат вазирони молияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро Президенти Федератсияи Россия Д.А.Медведев қабул карда, қайд намуд, ки мубодилаи афкор ва пешниҳодоти дар машварат таҳия гардида, нисбат ба чораҳо оиди паст кардани таъсири бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ дар арафаи саммити бист давлати бузурги дунё дар Лондон хеле муҳим мебошад.  

Апрель 7, 2009 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Аз 1 то 3 май дар баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Монографияи илмӣ оид ба журналистикаи сайёҳӣ ба нашр расид
«ТОҶИКИСТОНИ МАН!». Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмун ҷамъбаст гардид
Имрӯз дар минтақаҳои доманакӯҳии ноҳияҳои тобеи Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад