ВАЗОРАТИ МОЛИЯ НИСБАТ БА БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ ЧОРАҲОИ ҚАТЪӢ МЕАНДЕШАД
Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи идораи хазинаи давлатиро дар доираи андешидани чорабиниҳо нисбат ба бӯҳрони молиявӣ тасдиқ кард. Вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки сарфи назар аз зимистони сарду бебарқ ва баланд будани нишондиҳандаҳои афзоиш дар соли гузашта, аввали соли равон нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ баръало зоҳир гардида истодаанд. Дар робита ба ин вазъ ва пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони молиявӣ Вазорати молия як қатор чораҳо андешида истодааст. Аз ҷумла, танзими мутавозини буҷаи соли 2009 ва иваз кардани буҷаи соли 2009 ба буҷаи идоракунии бӯҳрон, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии идораи хазинаи давлат, таъмини ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории сатҳи пешбинишудаи хароҷоти иҷтимоӣ ва ҳавасмандгардониву дастгирии соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиро вазорат пешниҳод мекунад. Мавриди зикр аст, ки дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои мазкур вазорат пешниҳод месозад, ки ба муҳити макроиқтисодӣ ва иҷрои қисмати даромади буҷа, муносибот бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, талабот ба захираҳо ва чораҳои минбаъдаи макроиқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад. Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои дарозмуддатро Вазорати молия дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, афзудани талабот ба маҳсулоти дохилӣ, сармоягузорӣ ба рушди шахсият, озод кардани тиҷорат аз монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва инкишофи низоми рушдёфтаи молиявӣ дар кишвар ва ғайра маънидод мекунад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






