ВОҚЕАИ ГӮШНОШУНИД ДАР МАСКАВ
Маскав, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Ҳафтаномаи «Московская правда» — и Русия дар шумораи охиринаш дар бораи воқеаи гӯшношуниде нақл мекунад, ки дар кӯчаи Кайҳоннавард Галушкои шаҳри Маскав рух додааст. Ҳафтанома дар асоси маълумоти Раёсати корҳои дохилии «Восточное Лукяново» хабар медиҳад, ки ин воқеа субҳи барвақти рӯзи сешанбе рух дод. Истиқоматкунандагони бинои рақами 14 — а аз садои даҳшатноки арра ва ғалоғула бедор шуданд. Баъдан маълум шуд, ки фаррошон ҳавлии биноро аз дарахтон тоза карданӣ шуда, дарахтони сафедор ва коҷи куҳансолро ба воситаи арра мебурранд. Фаррошон барои безарар гардондани кундаи дарахтон ба онҳо ранги сабз мемолиданд. Истиқоматкунандагони бино ба ин иқдоми худсаронаи фаррошон эрод гирифта, онҳоро даъват намуданд, ки «худсариашонро бас кунанд». Вале фаррошону кӯчарӯбон талаботи истиқоматкунандагони биноро ба инобат нагирифта, чунин вонамуд мекарданд, ки забони русиро тамоман намедонанд. Онҳо бо вуҷуди эродҳои истиқоматкунандагони бино корашонро давом доданд. Дар натиҷа истиқоматкунандагон пеши роҳи нобуд сохтани дарахтони сояафканро гирифтанӣ шуда, қарор доданд, ки ба ҷои воқеа омадани намояндагони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла, кормандони милиса ва политсияи экологиро интизор нашуда, худашон масъаларо ҳал кунанд. Ба онҳо муяссар шуд, ки 7 нафар кӯчарӯбро дастгир намуда, то миёнашон ба замин гӯр карда, даҳонашонро бо латта банданд. Кормандони милиса ба ҷои воқеа омада, фаррошони бечораро аз лату кӯби сокинони бино халос карданд. Тафтиши ҳуҷҷатҳо нишон дод, ки ҳамаи кӯчарӯбон аз Тоҷикистон буда, дар шаҳри Маскав ғайриқонунӣ кору истиқомат мекунанд. Ҳоло ҳамаи кӯчарӯбон дар шифохона қарор доранд. Мухбири махсуси АМИТ «Ховар» роҷеъ ба ин масъала ба намояндагии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав муроҷиат кард. Дар он ҷо изҳор намуданд, ки аз ин воқеа хабар надоранд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






