ЯРМАРКА: НАМОЯНДАГОНИ КОРХОНАҲОИ ИСТАРАВШАН РӮЙХАТ НАДОШТАНД!
Истаравшан, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳусейн Нарзулло).- Дар ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озод, ки аз ҷониби Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоию шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳри Истаравшан дар назди Омӯзишгоҳи касбию техникии №14 доир гардид, 19 ташкилоту муассисаи шаҳр иштирок доштанд. 333 адад ҷойи холии кор ва вазифаҳои озод пешкаши корҷӯён гардид. Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати шаҳр Насим Баҳриддинов, дар ярмарка ҳамагӣ 21 нафар корҷӯён соҳиби ҷойҳои кори доимӣ гардида, ба 36 нафар шаҳрванд барои кор роҳхат дода шудааст. 14 нафар духтарону занон майли омӯзиши касби дӯзандагӣ бо роҳи шомил шудан ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ кардаанд. Ҳарчанд дар ярмарка маҳсулоти истеҳсолкардаи касбомӯзони ОКТ №14 ва маркази таълими модулӣ ва дастгирии соҳибкории шаҳр ба маърази тамошои бинандагон гузошта шуда буд, аксари онҳо ба замони Шӯравӣ тааллуқ доштанд. Гузашта аз ин, намояндагони корхонаю ташкилот ва муассисаҳои шаҳр, ки паси мизу навиштаҷоти ифодакунандаи коргоҳашон менишастанд, назди худ рӯйхати ҷойҳои холии кор ва музди маоши онҳоро надоштанд, яъне ҳамроҳи корафтодагон шифоҳӣ сӯҳбат мекарданд. Дар варақаҳои мавҷуда бошад, ҳадди ақали маоши коргарон аз 100 то 220 сомониро ташкил медод, ки бо чунин маош касе худ ва аҳли оилаашро пӯшонидаю хӯронида наметавонад. Таҳрири Жасмин Назарова








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






