ЗИЛЗИЛА ДАР ИТАЛИЯ

Апрель 8, 2009 14:51

              Рим, 8 апрел. (АМИТ «Ховар» — РБК). — Дирӯз дар қисмати марказии Италия замин сахт ҷунбид. Қувваи зилзила дар марказаш қариб ба 5,5 балл мерасид. Тибқи хабарҳои расида, дар натиҷаи зилзила 228 нафар ҳалок шудааст. Ба ақидаи шоҳидон, шумораи қурбониёни зилзила боз ҳам бештар гардида метавонад, зеро баъди зилзилаи аввал дар ин ҷо боз замин ҷунбид ва қисми зиёди маҳаллаҳои харобгардида ҳанӯз аз шикастапораҳои биноҳо тоза карда нашудаанд.             Сарвазири мамлакат Силвио Берлускони ба хабарнигорон гуфт, ки бар асари ин фалокат бештар аз 1,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ гардида, 15 нафар бе ному нишон гумм шудаанд, қариб 17 ҳазор нафар бесарпаноҳ мондааст. Барои онҳо дар майдонҳои варзишии шаҳр хаймаҳо зада шуданд. Дар маҳалли зилзила аз 3 то 10 ҳазор бино харобу валангор гардид.               Мутахассисон изҳор мекунанд, ки чунин зилзилаи шадид дар Италия дар давоми 30 соли охир бори аввал рух медиҳад.  

Апрель 8, 2009 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид