ЗИЁНИ БОРОНҲОИ ПАЙ ДАР ПАЙ

Апрель 22, 2009 08:21

                Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 21 апрели соли ҷорӣ соати 03:25 бо сабаби боридани борони пай дар пай сатҳи оби канал дар кӯчаи Титови пойтахт баланд шуда, ба хонаҳои истиқоматии 96, 98, ва 112 ворид гардидааст. Дар натиҷа девори як хонаи истиқоматӣ фурӯ рафтааст.                Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ Дустмурод Забиров, инчунин ба хонаи истиқоматии шаҳрванд О. Қурбонова, бо нишонии кӯчаи Фучик, 109 низ, сел ворид гардида, девори хона аз ин сабаб фурӯ рафтааст.                Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ аз тарафи кормандони Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе ва наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита ба роҳ монда шудааст.                Талафот ба қайд гирифта нашудааст.

Апрель 22, 2009 08:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд