ҒАМХОРӢ БА ИШТИРОКЧИЁН ВА ВЕТЕРАНҲОИ ҶАНГ
Хуҷанд, 5 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Мувофиқи қарори раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода аз ҳисоби буҷети вилоят барои расондани кӯмаки яквақта ба иштирокчиён, ветеранҳои ҷанг ва коргарони ақибгоҳ 207,7 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд. Дар арафаи иди Ғалаба ба ҳар нафар иштирокчии ҷанг аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ 150 сомонӣ ва ба коргарони ақибгоҳ 100 сомонӣ тӯҳфа карда мешавад. Сардори раёсати молиявии вилоят Анвар Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар қисмати шимолии мамлакат ба иштирокчиён ва ветеранҳои ҷанг ҳамаҷониба ғамхорӣ карда мешавад. Тибқи қарори раиси вилоят аз 1 январи соли 2009 сар карда. ба ҳар иштирокчии ҷанг ва оилаҳое, ки саробонашон дар ҷанг ҳалок шудааст, илова ба нафақа ва ёрдампулиҳои дигар 20 сомонӣ кӯмак расонда мешавад. Айни ҳол дар вилояти Суғд 1020 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 475 коргари ақибгоҳ ва 45 оилаи бар асари ҷанг бесаробонмонда зиндагӣ мекунанд.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






