ҒАМХОРӢ БА ИШТИРОКЧИЁНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Ба муносибати Рўзи Ғалаба имрўз, 6 май вазири фарҳанги ҶТ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо иштирокчиёну маъюбон ва кормандони ақибгоҳи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар соҳаи фарҳанг кору фаъолият кардаанд, вохўрӣ доир намуд. Ҳангоми мулоқот вазири фарҳанг қайд кард, ки иштироки онҳо дар ҷанг дар саҳифаи зиндагии мо нақши муҳим дорад, зеро хизматҳои шоёни эшон буд, ки мо ба чунин рўзҳо расидем. «Махсусан, зикр намуд вазир,- онҳо дар инкишофи фарҳанги тоҷик, таълиму тарбияи кадрҳо корҳои назаррасеро анҷом додаву имрўз ҳам ба синну соли хеш нигоҳ накарда, асарҳои хусусияти тарбиявидошта меофаранду дар корҳои ҷамъиятӣ саҳм мегузоранд. Ҳамчунин, бо мақсади дастгирӣ намудани иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба 6 нафар иштирокчиён, 3 нафар ҷанговарони интернатсионалист, 9 нафар кормандон ақибгоҳи ҶБВ бо маблағи пулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ғайр аз ин, ба 61 нафар собиқадорони ҷангу меҳнат, пиронсолону маъюбон, оилаҳои бесаробонмонда ва дорандагони унвонҳои фахрӣ ба андозаи 60 сомонӣ кӯмакпулӣ дода шуд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






