ҒОЛИБОНИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ «САДОИ ҶАВОНӢ» МУАЙЯН ШУДАНД

Май 21, 2009 16:33

                         Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар хонаи маданияти №1 шаҳри Хуҷанд фестивал-озмуни вилоятии «Садои ҷавонӣ», ки дар миёни донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус эълон гардида буд, ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян гаштанд.                          Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мувофиқи хулосаи ҳакамон дар фестивал-озмуни мазкур ҷойи аввал ба дастаи ҳаваскорони коллеҷи технологии шаҳри Исфара, ҷойи дуюм ба дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент ва ҷойи сеюм ба дастаи ҳаваскорони омӯзишгоҳи омўзгории ноҳияи Мастчоҳ насиб гардид.                       Муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев ғолибонро табрик намуда, ба барандагони ҷойи аввал 1500 сомонӣ, ҷойи дуввум 1000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 700 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард. Ҳамчунин ба 10 нафар беҳтарин ғолибони озмун дар жанрҳои мухталифи санъат ба маблағи 100 сомонӣ мукофотпулӣ супорида шуд.                        Мавриди ёдоварист, ки мақсад аз доир намудани фестивал-озмуни мазкур инкишофи фаъолияти эҷодии ҷавонон, дарёфт ва ба рўйи саҳна овардани соҳибистеъдодҳои нав, дастгирии онҳо, тарғиби оинҳои мардумӣ, такмил додани маҳорати иҷрокунандагии даставу гурўҳҳои эҷодии донишҷўён ва дар рўҳияи зебопарастӣ тарбия намудани ҷавонон мебошад.                        Даври аввали фестивал-озмуни номбурда дар мактабҳои миёнаи махсус, даври дуюми он дар шаҳру ноҳияҳои миқёси вилоят баргузор гардида буд.                       Дар даври сеюм ва ҷамъбастии ин фестивал-озмун барномаҳои беҳтарини мактабҳои миёнаи махсус, ки аз тарафи аъзои ҳакамон муайян шуда буд, ба намоиш гузошта шуданд.

Май 21, 2009 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!