ҚАБУЛИ ҚОНУН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ» САРИВАҚТИСТ

Май 7, 2009 10:05

                      Душанбе, 7 май (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти омори расмӣ танҳо соли 2007 дар ҷумҳурӣ дар натиҷаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот 85 нафар кормандон захм бардоштанд. Аз ин теъдоди зарардидагон 17 нафарашон фавтиданд, ки сабаби он аз ҷониби корфармоён таъмин нашудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат дар корхонаҳо мебошад.                        Ҷиҳати таъмини бехатарӣ ва ҳифзи саломатии кормандон дар лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳифзи меҳнат», ки аз ҷониби парлумони кишвар қабул гардид, татбиқ намудани маҷмӯи чорабиниҳои ҳуқуқиву ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, санитарию гигиенӣ ва табобатию пешгирикунанда муқаррар карда шуданд, — иброз дошт вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров.

Май 7, 2009 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар