ҚАБУЛИ ЭЪТИБОРНОМАИ САФИРИ ТУРКМАНИСТОН
Душанбе, 29 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дирӯз эътиборномаи сафири нави Туркманистон дар Тоҷикистон Нурбердӣ Амонмуродовро қабул намуд. Сафири Туркманистон баъди маросими супурдани эътиборнома ва мулоқоташ бо Президент дар ҷараёни сӯҳбати мухтасар бо хабарнигорон изҳор намуд, ки аз мулоқот бо Сарвари давлат таассуроти калон ҳосил кардааст. Вай аз натиҷаҳои мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуд. Сӯҳбати мо бо Президент самимона ва самарабахш буд. Мо масъалаҳои гуногуни марбут ба муносибатҳои мамлакатҳоямон ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намудем. Табиист, ки Тоҷикистону Туркманистон умумиятҳои зиёди таърихию фарҳангӣ доранд. Онҳо дар созмонҳои минтақавию байналхалқӣ мавқеи ҳамдигарро дастгирӣ менамоянд. Вақте, ки Туркманистон соли 1995 мавқеи бетарафӣ ишғол намуд, Тоҷикистон яке аз аввалин мамлакатҳои минтақа буд, ки ин иқдоми маъмурияти давлати моро дастгирӣ намуд. Ду сол пеш дар Ашқобод Маркази дипломатияи пешгирикунандаи Осиёи Марказӣ кушода шуд, Тоҷикистон дар ин масъала низ моро дастгирӣ кард. Муносибатҳои дӯстонаю бародаронаи Тоҷикистону Туркманистон сол то сол мустаҳкамтар мегарданд. Президенти Тоҷикистон изҳор намуд, ки муносибатҳои мо дар оянда низ бояд густариш дода шаванд. Имрӯз дар Тоҷикистон теъдоди хеле зиёди туркманҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳо аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон розианд. Ин шаҳодат медиҳад, ки дар байни мамлакатҳои мо ягон проблема вуҷуд надорад. Тоҷикистон барои равнақу ривоҷи соҳаи туризми байналхалқӣ имкониятҳои калон дорад. Мо дар ин соҳа самарабахш ҳамкорӣ карда метавонем. Сафири Туркманистон дар фарҷоми сӯҳбат зикр кард, ки ҳаёти осудаи имрӯзаи Тоҷикистон натиҷаи ҷидду ҷаҳд ва азму талоши халқ ва Президенти мамлакат мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






