ҚИММАТИ БАРҚ ТАҒЙИР НАМЕЁБАД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо сабаби бӯҳрони молиявӣ муваққатан тарифи истифодаи барқ мисли пештара 6 дирам боқӣ мемонад. Ба иттилои ҳамин манбаъ, аз 1-уми маи соли ҷорӣ боло бурдани нархи истифодаи барқ пешбинӣ шуда буд. Ёдовар мешавем, ки аз дар ибтидои соли 2009 қимати барқ ба андозаи 25 фоиз аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо зиёд карда шуда буд. Аз 1-уми январ арзиши истифодаи 1 кВт соат қувваи барқ барои корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ ба андозаи 13,68 дирам, барои корхонаҳои буҷетӣ -5,44, барои пойгоҳҳои обкашӣ 3,64 ва барои маркази гармидиҳӣ барои ташкилотҳои ғайрибуҷавӣ 33,75 ва барои ташкилотҳои буҷетӣ 10 дирам муқаррар карда шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






