Қ. РАСУЛЗОДА ВА Ҳ. АКБАРӢ МАСОИЛИ ҶАВОНОН БАРРАСӢ КАРДАНД
Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 17 май раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилооъ доданд, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили ҳамкориҳоро миёни вилояти Суғд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор доданд. Тарафҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки барои боз ҳам вусъат додани ҳамкориҳо тадбирҳо андешида шавад. Зимни сафари хеш ба вилояти Суғд Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ дар тӯйи хонадоршавии 50 ҷуфт ҷавон, ки бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Кумитаи байналмиллалии Имдоди Ҳумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон барпо гардид, ширкат кард. Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ва муовини Раиси вилоят Ваҳҳоб Набиев навхонадоронро бо рӯзи висол таҳният гуфта, ба ҳар кадоме аз оилаҳои ҷавон аз ҳисоби Имдоди Ҳумайнӣ ба маблағи 1,5 ҳазор долларӣ ҷиҳози тӯёна тақдим намуданд. Худи ҳамин рӯз 25 нафар беҳтарин хатмкунадагони курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ дар маркази вилоят низ аз Имдоди Хумайнӣ мошинҳои дарздӯзӣ тӯҳфа гирифтанд. Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш пас аз нисфирӯзӣ аз мавзеъ ва ёдгориҳои таърихии шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла Осорхонаи таърихии вилоятӣ ва комплекси таърихии Шайх Муслиҳиддин дидан карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






