ҚАНОАТМАНДИИ Ҳ. ЗАРИФӢ ВА А. ҚАРҚОШ АЗ САТҲИ ҲАМКОРИҲО
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар ҳошияи иштирокаш дар кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ 23 майи соли ҷорӣ бо раиси ҳайати Амороти Муттаҳидаи Араб, вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии ин кишвар Анвар Қарқош бо дархости ӯ мулоқот кард. Ҳамрохон Зарифӣ ва Анвар Қарқош зимни мулоқот аз динамикаи рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳои байни ду кишварро мутақобилан судманд арзёбӣ намуданд. Вазири аморотӣ ба ҷониби Тоҷикистон аз дастгирии ташаббуси кишвараш барои пазироии қароргоҳи Ожонси нерӯи таҷдидшаванда (IRENA) изҳори қадрдонӣ карда, онро нишонаи муносибатҳои дӯстонаи байни ду кишвар донист. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






