ҲАФТАИ ҶАВОНОН ДАР ПОЙТАХТ

Май 20, 2009 09:23

                        Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар бораи баргузории «Ҳафтаи ҷавонони пойтахт» Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарор имзо намуд. Тибқи он нақша- чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, таҳррезӣ шуд.                      Дар асоси он мусобиқаи футбол байни кормандони сохторҳои пойтахт барои дарёфти «Ҷоми шаҳрдорӣ», озмуни умумишаҳрии «Манзараҳои шаҳри ман» байни рассомони ҷавони пойтахт, конфронси илмӣ- назариявӣ бо иштироки олимон ва муҳаққиқони ҷавон дар мавзӯи «Моҳияти бузургдошти Соли Имоми Аъзам ва устувории андешаҳои солими ҳамзистии мусолиматомез» гузаронида мешавад. Инчунин, 23 май дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Дӯстии халқҳо» ва майдони «800 -солагии Москва» барномаҳои фарҳангӣ ва сайругашти идона баргузор мешаванд.

Май 20, 2009 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид