ҲАЙАТИ ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИК БА ТЕҲРОН РАФТ
Душанбе, 5 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз ҳайати 70-нафараи намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 22-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд. Дар маросими гусели фарҳангиёни тоҷик ба Теҳрон, ки дар саҳни ҳавлии Сафорати ин кишвар дар Душанбе баргузор шуд, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ва рушди ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон сухан кард. Дипломати эронӣ зикр кард, ки дар байни намояндагони беш аз сад кишвари ҷаҳон, ки дар намоишгоҳи китоб иштирок менамоянд, намояндагони Тоҷикистон ҳайати бузургтарин дар ин чорабинӣ ба шумор меравад. Ҳайати Тоҷикистон зимни сафар ба Эрон аз ҷониби Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии ин кишвар пазироӣ мегарданд. Онҳо ҳамзамон аз ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихии Эрон боздид менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» аз 6 то 16 май баргузор гардида, дар доираи он 10 май Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






