ҲАЙАТИ ФАРҲАНГИЁНИ ТОҶИК БА ТЕҲРОН РАФТ

Май 5, 2009 12:24

              Душанбе, 5 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз ҳайати 70-нафараи намояндагони илму фарҳанги Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар 22-умин намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карданд.            Дар маросими гусели фарҳангиёни тоҷик ба Теҳрон, ки дар саҳни ҳавлии Сафорати ин кишвар дар Душанбе баргузор шуд, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аҳамияти баргузории намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» ва рушди ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон сухан кард.           Дипломати эронӣ зикр кард, ки дар байни намояндагони беш аз сад кишвари ҷаҳон, ки дар намоишгоҳи китоб иштирок менамоянд, намояндагони Тоҷикистон ҳайати бузургтарин дар ин чорабинӣ ба шумор меравад. Ҳайати Тоҷикистон зимни сафар ба Эрон аз ҷониби Созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, Созмони мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеъи дастии ин кишвар пазироӣ мегарданд. Онҳо ҳамзамон аз ҷойҳои фарҳангӣ ва таърихии Эрон боздид менамоянд.          Бояд тазаккур дод, ки намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Теҳрон» аз 6 то 16 май баргузор гардида, дар доираи он 10 май Рӯзи миллии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Май 5, 2009 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад