ҲАМКОРӢ ДАР СОҲАИ КӮМАКИ ТИББӢ БА МУҲОҶИРОНИ МЕҲНАТ

Май 18, 2009 15:35

                       Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — 16 май дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Ҳамкорӣ дар соҳаи расондани кӯмаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ» маҷлиси гурӯҳи кории Шӯрои тандурустии Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гардид. Дар он роҳбарони муассисаҳои тиббии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳои Федератсияи Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва намояндагони Котиботи Ҷомеаи иқтисодии Евразия ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки раиси Котиботи Кумитаи ҳамгироии ҷомеаи мазкур вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва раиси гурӯҳи кории он сардори раёсати ташкили хизмати тиббии вазорат Ӯктам Бобохоҷаев мебошанд.                      Дар маҷлис лоиҳаи созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ҷомеа дар соҳаи расондани кӯмаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ маъқул дониста шуд. Созишнома ба Котиботи Кумитаи ҳамгироии ҷомеа фиристода мешавад. Маҷлиси навбатии Шӯрои тандурустии ҷомеа моҳи июн дар Маскав баргузор мегардад.  

Май 18, 2009 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид