ҲАМКОРИИ ИСТИХРОҶКУНАНДАГОНИ НАФТУ ГАЗИ ТОҶИКИСТОН ВА РУСИЯ

Май 26, 2009 11:24

                        Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар Раёсати умумии геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати илмию техникӣ баргузор гардид. Дар он барномаи таҳқиқи технологии мавзеи Сариқамиш дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Афғонистон муҳокима ва тасдиқ карда шуд. Барномаи мазкурро Ҷамъияти саҳомии «Газпром зарубежнефтегаз» ва Ҷамъияти саҳомии «Саратовнефтегеофизика» — и Федератсияи Русия таҳия намудаанд.                        Дар машварат аз Тоҷикистон сардори Раёсати умумии геология Азиз Иброҳим, муовинони ӯ ва мутахассисони раёсат, аз ҷониби Русия муовини директори генералӣ, саргеологи Ҷамъияти саҳомии «Газпром зарубежнефтегаз» Вадим Рибалченко, роҳбари намояндагии Ҷамъияти саҳомии мазкур дар Тоҷикистон Сергей Туманов, муовини ӯ, мутахассисони Ҷамъияти саҳомии «Саратовнефтегеофизика» ва мутахассисони дигар иштирок доштанд.                        Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки барои ҷустуҷӯи нафту газ дар мавзеи Сариқамиш асбобу анҷом ва таҷҳизоти навтарин истифода бурда мешавад. Асбобу анҷом ва таҷҳизот ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои Саратов, Екатеринбург, инчунин, аз Ҷумҳурии Қирғизистон оварда хоҳад шуд. Айни ҳол дар ин ҷо сохтани роҳҳои мошингард давом дорад. 15 июн дар мавзеи Сариқамиш шаҳраки муваққатӣ бунёд карда мешавад.  Чуқурии чоҳҳое, ки дар ин ҷо канда мешаванд, то ба 6 — 7 километр мерасанд.

Май 26, 2009 11:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар