ҲАМКОРИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР СОҲАИ ИТТИЛООТ

Май 7, 2009 15:32

                      Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова ). — Рӯзҳои 6 — 7 май дар Минск дар ҷараёни намоишгоҳи 13 — уми байналхалқии махсусгардонидашуда таҳти унвони «Воситаҳои ахбори оммавии Белорусия» дар мавзӯи «Воситаҳои ахбори оммавӣ дар давраи бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва роҳҳои таъмини фаъолияти онҳо» мулоқоти чоруми байналхалқӣ баргузор гардид. Онро Вазорати иттилооти Белорусия, Кумитаи доимии давлати иттифоқӣ, Иттифоқи журналистони Белорусия бо кӯмаки Вазорати корҳои хориҷии Белорусия, Кумитаи иҷроияи ИДМ, Дафтари САҲА дар Минск ва Академияи телевизион ва радиои Евразия ташкил намуданд.                       Мувофиқи дастури сарони Ҳукуматҳои ИДМ, дар бобати бартараф сохтани оқибатҳои манфии бӯҳрон ва таъсири он ба соҳаи иттилоот пешниҳодҳо таҳия ва баррасӣ карда шуданд. Тибқи нақша дар доираи ИДМ таҳияи барномаи таъминоти бештари бозори дохилӣ бо маводи озуқаи истеҳсоли маҳаллӣ, тағйир додани самтҳои фаъолияти бонкҳо дар бобати гузоштани маблағ ба соҳаҳои сердаромад ва маҳдуд сохтани хориҷ гардидани сармоя аз қаламрави давлатҳои Иттиҳод пешбинӣ карда мешавад.                        Давлатҳои ИДМ барои ҳалли проблемаҳои инъикоси фаъолияти давлатҳояшон ҳамкориро дар соҳаи иттилоот вусъат мебахшанд.Бо ин мақсад аввали ҳамин сол системаи иттилоотии байнидавлатӣ ташкил карда шуд, ки ба туфайли он муассисаҳои радиою телевизиони мамлакатҳои Иттиҳод барномаҳои ҷолиби диққатро мубодила менамоянд.22 май дар шаҳри Остона маҷлиси Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳод баргузор мегардад. Дар он нақшаи тадбирҳои аввалиндараҷа дар соҳаи ҳамкории гуманитарӣ барои солҳои 2009 — 2010 тасдиқ карда мешавад. Боби алоҳидаи нақшаи мазкур ба ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот бахшида шудааст.                         23 апрел дар Минск машварати роҳбарону намояндагони агентиҳои иттилоотии давлатҳои ИДМ баргузор гардид. Иштирокчиёни он бори дигар зарурати мубодилаи доманадори иттилоотро дар соҳаҳои гуногун таъкид намуданд.

Май 7, 2009 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад