ҲАМКОРИИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР СОҲАИ ВАРЗИШ
Маскав, 20 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 21 май дар пойтахти Ҷумҳурии Белорусия — шаҳри Минск маҷлиси Шӯрои варзиш ва тарбияи ҷисмонии мамлакатҳои ИДМ баргузор мегардад, ки иштирокдори созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ мебошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар доданд. Иштирокчиёни маҷлис масъалаи гузаронидани мусобиқаи байналхалқии футболро барои ба даст овардани Ҷоми қаҳрамонии мамлакатҳои ИДМ ва Балтика муҳокима мекунанд. Маҷлиси мазкур хусусияти ташкилӣ дорад. Дар он раиси Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мамлакатҳои иштирокдори созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи варзиши ИДМ интихоб карда мешавад. Ёдовар мешавем, ки сарони ҳукуматҳои ИДМ соли 2007 дар Ялта созишномаи ҳамкориро дар соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ имзо карда буданд. Ҳуҷҷат муҳайё сохтани шароити мусоидро барои ривоҷ додани харакати олимпӣ, дар қаламрави ИДМ паҳн намудан ва дастраси ҳамдигар гардондани иттилоот дар бораи рӯйдодҳои варзишӣ, гузаронидани мусобиқаҳои оммавӣ дар байни аҳолӣ, мустаҳкам кардани заминаи моддии тадбирҳои варзишӣ, тайёрӣ ба Бозиҳои олимпӣ, мусобиқаҳои байналхалқӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






