ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТҲОИ МУДОФИА ЯКЕ АЗ САМТҲОИ МУҲИМТАРИНИ ФАЪОЛИЯТИ С&
Маскав, 4 май. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — Дар Маскав машварати вазирони мудофиаи мамлакатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. Дар он натиҷаҳои ҳамкории вазоратҳо ҷамъбаст ва нақшаҳои ояндаи ҳамкории онҳо муайян карда шуданд. Вазирони мудофиаи Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни таъмини амнияти минтақавӣ ва байналхадлқӣ табодули назар намуданд. Президенти Русия Дмитрий Медведев бо иштирокчиёни машварати мазкур мулоқот кард. Зимни сӯҳбат масъалаҳои вобаста ба рушди ояндаи фаъолияти СҲШ ва тақвияти нақши он дар таъмини амнияту суботи вазъияти минтақа баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни машварат ҳамчунин масъалаҳои муҳимтарини марбут ба таъмини амнияти байналхалқию минтақавӣ, такмили имкониятҳои пурзӯр намудани муборизаи мамлакатҳои аъзои созмонро ба муқобили терроризм баррасӣ карданд. Ҳамкории вазоратҳои мудофиа яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти СҲШ мебошад, гуфт Д.Медведев. — Боварӣ дорам, ки чунин мулоқотҳо давом дода мешаванд, зеро онҳо барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарра хеле заруранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар ин машварат вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев иштирок дошт.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






