ҲОҶӢ ГУНАҲКОР ДОНИСТА ШУД
Мӯъминобод, 20 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Рӯзи 7 майи соли 2009 дар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб таҳти раисии Асламшо Холов суди сайёр баргузор шуд, ки парвандаи маъмурии пешниҳод намудаи бахши танзими анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб нисбати шаҳрванд Сафаралӣ Самадов бо моддаи 481-и кодекси маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд. Ҳангоми мурофиа қайд гардид, ки шаҳрванд Сафаралӣ Самадов дар хонааш воқеъ дар деҳаи Ҳакимободи ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб маъракаи «Ҳоҷиталбон» гузаронида, бо ин амалу кирдораш қисми 2-юми моддаи 12-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро вайрон намудааст. Дар мурофиаи судӣ гуноҳи Самадов Сафаралӣ пурра исботи худро ёфта, ӯро мувофиқи моддаи 481-и кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 2500 сомонӣ ҷарима намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






