ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ПОЙМОЛ МЕШАВАД

Май 18, 2009 13:00

                         Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи иттилои директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо Давлаталӣ Ҳотамов, вазъи имрӯзаи бозорҳои шаҳр сахт ташвишовар аст.                         Агентии мазкур аз аввали сол то имрӯз фаъолияти беш аз 293 бозорро санҷида баромадааст. Санҷишҳо нишон дод, ки ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҳаррӯз аз тарафи фурӯшандагони молу амвол поймол мегардад. Фурӯшандаҳо дар кори худ ё аз тарозуҳои ғайристандартӣ ва ё аз сангҳои тарозуҳои солҳои дароз аз санҷиш нагузашта истифода карда мардумро фиреб медиҳанд. Савдогарон дар бозорҳо маҳсулоти бесифатро бо дигар навъи ҳамин гуна маҳсулот омехта карда мефурӯшанд.                       Агентӣ дар толори «Тоҷикстандарт» бо иштироки муовинони раисони 4 ноҳияи пойтахт ҷаласаи фаврӣ ташкил намуда, баҳри пешгирии камбудиҳо супориш дод.                       Директорони бозорҳои «Шоҳмансур» ва «Маяковский» супоришҳои қатъӣ гирифтанд то норасоиҳои дар савдо ҷой доштаро бартараф намоянд.  

Май 18, 2009 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид