ҲУНАРПЕШАГОНИ ОЗОДИ ҚИРҒИЗ БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД

Май 21, 2009 15:40

                      Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). — Ҳунарпешагони Театри академии опера ва балети Қирғизистон Ойзода ва Эмил Оқматовҳо дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ машқ мекунанд. Онҳо дар ин ҷо мувофиқи қарордод кор хоҳанд кард. Ойзода ва Эмил Оқматовҳо зану шавҳар буда, дар  Театри Марияи шаҳри Санкт — Петербург маҳорати худро сайқал додаанд. Ойзода ҳунарпешаи хизматнишондодаи Қирғизистон ва Эмил барандаи ҷоизаҳои бисёр озмунҳои байналхалқӣ, аз ҷумла, озмуни рақси балети ба номи Малика Собирова мебошанд.                  Оқматовҳо худро ҳунарпешагони озод меноманд, зеро онҳо солҳои охир зуд — зуд ба сафарҳои ҳунарӣ баромада, дар театрҳои бисёр мамлакатҳо мустақилона ҳунарнамоӣ мекунанд.                   Ҳунарпешагони қирғиз ният доранд, ки барои тамошобинони тоҷик барномаи калони консертӣ тайёр кунанд. Онҳо қарор додаанд, ки намошномаи «Жизел» — ро дар саҳнаи Театри опера ва балети Тоҷикистон ба саҳна гузоранд.

Май 21, 2009 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид