Ҳ. ЗАРИФӢ ДАР ИҶЛОСИЯИ 36 ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СКИ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 23 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Димишқ — пойтахти Ҷумҳурии Сурияи Араб иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ ба кори худ шурӯъ кард.Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ Президенти Ҷумҳурии Сурияи Араб Башшор Асад ва Дабири кулли Созмони Конфронси исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлу суханронӣ карданд. Сипас маросими имзои Ойинномаи нави Созмон доир гардид, ки онро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имзо ба имзо расонд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ хабар доданд. Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси нахустин кишвари минтақа санади мазкурро тасдиқ ва имзо кардааст. Сипас дар ҷаласаи рӯзи аввали кори иҷлосия Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон суханронӣ карда, назари Тоҷикистонро роҷеъ ба масъалаҳои муҳими ҷаҳони ислом манзури ҳозирин намуд ва омодагии кишварро барои таҳкими минбаъдаи робитаҳо бо кишварҳои узви Созмон таъкид дошт. Кори иҷлосияи 36-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Конфронси исломӣ идома дора








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






