ҶАВОНОН АЗ СОБИҚАДОРОНИ ҶБВ ДАРСИ МАРДОНАГӢ МЕОМӮЗАНД
Душанбе, 7 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ба ифтихори 64-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ имрӯзҳо дар қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Душанбе, муассисаю идораҳои таълимӣ ва корхонаҳои пойтахт сӯҳбату мулоқоти иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ барпо гашта истодааст. Муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Шариф Шокиров дар сӯҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар вохӯрию мулоқот иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҷавонон доир ба корнамоию шуҷоатмандӣ, ҳифзи ватан, дӯстиву бародарӣ ва ҳамрайъӣ сухан карда, ба онҳо дарси мардонагӣ меомӯзонанд. Шариф Шокиров афзуд, ки маҳз дӯстиву рафоқат ва бародарии халқҳои собиқ Шӯравӣ буд, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ғалаба ба даст оварданд ва мардуми ҷаҳонро аз зулми фашизм озод карданд. Шариф Шокиров мегӯяд, ки алҳол дар шаҳри Душанбе 308 нафар иштирокчиёни Ҷанг Бузурги Ватанӣ кору зиндагӣ менамоянд, ки онҳо таҳти ғамхории доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






