ҶАВОНОН КАСБ МЕОМӮЗАНД
Бадахшон, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).- Дар ВМКБ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ба касбомӯзии ҷавонону наврасон эътибори ҷиддӣ медиҳанд. Чунончи, дар мактаби маълумоти касбии Донишгоҳи Осиёи Миёна, ки маркази вилоят ҷойгир аст, барои хатмкунандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Хоруғ маҳфили дарҳои кушод доир гардид. Некрӯз Сарбаландов, як тан коршиноси Донишгоҳ мурод аз тавлиди маҳфилро дар ошно намудани хатмкунандагони макотиби миёна, ки баъди чанде ба ҳаёти мустақилона қадам мегузоранд, бо барномаҳои донишгоҳ арзёбӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки аз соли 2006 то имрӯз беш аз 3000 нафар ҷавонон бо ихтисосҳои гуногун онро хатм намуданд. Онҳо на танҳо дар вилоят, ҷумҳурӣ, балки берун аз он низ босамар кор мекунанд. Ҷавонон дар ин ҷо касбҳои челонгарӣ, компютер, харротӣ, деворгарӣ, ҷелонгарӣ барқӣ, омӯзиши забонҳои русию англисӣ ва ғайраро аз худ мекунанд. Ин курсҳо дар чанд соли оянда низ ҷавононро касб меомӯзанд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






