ҶУНБИШИ «ТОЛИБОН» ЭРОН ВА ТОҶИКИСТОНРО ОГОҲ МЕКУНАД
Душанбе, 23 май. (АМИТ «Ховар» — Би — Би — Си). — Роҳбарияти Ҷунбиши «Толибон» Эрон ва Тоҷикистонро огоҳ намуд, ки ҳамкории онҳо бо ИМА ва дастгирии маъракаи ҳарбии муштараки муқобили «Толибон» барои онҳо оқибатҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Изҳороти мазкур ба воситаи яке аз шабакаҳои телевизионии арабӣ пахш карда шуд. Қиёфаи қироаткунандаи изҳоротро шинохтан мумкин набуд. Ӯ худро Абдулло Васай Оғоҷон Муттасим номид, ки яке аз роҳбарони «Толибон» буда, ба кумитаи сиёсии он дар Афғонистон роҳбарӣ мекунад. «Ба мо хабар расид, ки мақомоти Тоҷикистон розӣ шудаанд, ки ИМА ва НАТО қаламрави онро барои интиқоли мол ба Афғонистон истифода баранд. Ин чунин маъно дорад, ки онҳо ба истифодаи зӯрӣ ва аслиҳа нисбати ислом ва мамлакати ҳамсоя шарик мебошанд», — гуфт Муттасим. Намояндаи «Толибон» Ҳукумати Тоҷикистонро даъват кард, ки аз расондани кӯмак ба маъмурияти Амрико даст кашад. Муттасим зикр накард, ки агар Душанбе ҳамкориро бо мамлакатҳои Ғарб дар масъалаи Афғонистон давом диҳад, чӣ гуна тадбирҳо андешида мешаванд. Мақомоти расмии Душанбе хабарҳоро дар бораи изҳороти Муттасим шарҳ намедиҳанд. Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат ба ҳар гуна изҳороти ғайрирасмӣ вокуниш нишон намедиҳад. Бо вуҷуди ин мақомоти дахлдор чунин изҳоротро ба қайд гирифта, тадбирҳои зарурӣ меандешанд.Ҳукумати Тоҷикистон қабл аз ин розӣ шуда буд, ки ИМА қаламрави онро барои интиқоли молҳои ғайринизомӣ ба Афғонистон истифода барад. Маъмурияти Амрико дар ин масъала бо Маскав ва Тошканд ҳам мувофиқа ба даст оварда буд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






