125 ҲАЗОР СОМОНӢ БАРОИ ЗАРАРДИДАГОНИ НОҲИЯИ ХУРОСОН
Душанбе, 21 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова).- Ҷумҳурии Федеративии Олмон бо воситаи Ҷамъияти Ҳамкории Техникии ин мамлакат барои расонидани кӯмак ба зарардидагони боришҳои тӯлонӣ дар ноҳияи Хуросон 125 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд. Маблағи мазкур ба тариқи илова ҷудо карда, ба ҳисоби намояндагии Кумитаи байналхалқии Салиби Сурх дар Тоҷикистон гузаронида шуд. Маблағи кӯмак барои харидану тақсим кардани асбобу анҷоми зарурии рӯзгор сарф карда мешавад. Қайд кардан зарур аст, ки рӯзи 21 апрел дар 3 қишлоқи ноҳияи Хуросон 60 хона дар натиҷаи омадани сел вайрон шуд. Беш аз 1500 одам зарар дид. Рӯзи 14 май боз сел омад ва 120 хонаро вайрон кард. Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Олмон имконияти ҷудо кардани маблағро барои барқарорсохтани хонаҳои харобгардида баррасӣ менамояд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






