17 МАЙ РӮЗИ ДАВИ МИЛЛӢ
Душанбе, 16 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-17 май дар пойтахти ҷумҳурӣ — шаҳри Душанбе Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 15 май қарор ба имзо расонд. Тибқи он сохторҳои марбутаи пойтахт вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии анъанавии варзишӣ тадбирҳои мушаххас андешанд. Рӯзи дави миллӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ аз дидбонгоҳи БДА-и «Чорбоғ» оғоз ёфта, дар пули назди иншооти Аквапарк анҷом меёбад. Иштирокдорони дави миллӣ имкон доранд масофаи 10, 5 ва 3 километр қувваозмоӣ намоянд. Тибқи иттилои котиби матуботии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, дар ин чорабинии варзишӣ, ки ҳадафи он тарғиби тарзи ҳаёти солим аст, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, техникуму литсейҳо, коллеҷҳо ва мактаббачагони таҳсилоти умумӣ, ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт, кормандони вазорату идораҳои мамлакат ва сокинони пойтахт иштирок менамоянд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






