18 ҲАЗОР СОКИНОНИ ПОЙТАХТ ДАВИДАНД

Май 18, 2009 09:13

                      Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе бо мақсади тарғиби варзиши сабук байни ҷавонон дар асоси тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ, 17 май дави миллӣ баргузор гардид. Дар дави миллии дар пойтахт баргузоргардида тақрибан 18 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок карда, дар масофаи аз 3,5 км то 10 км давиданд.                       Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар масофаи 10 километр байни мардон Амиров Аҷмал ҷойи аввал, Ҳаитов Сотиболдӣ ҷойи дуюм ва Боймуродов Баҳодур ҷойи сеюмро соҳиб гащтанд. Дар байни занон бошад, Мирзоева Нарима ба ҷойи аввал, Эргашова Мадина ҷойи дуюм ва Ҳарисова Зарина ҷойи сеюм сазовор дониста шуданд. Дар байни собиқадорони ин намуди варзиш ҷойи аввал насиби Аббос Акбаров, ҷойи дуюм насиби Файзулло Абдуллоев ва ҷойи сеюм насиби А. Бобоҷонов гардид.                     Ғолибони дави миллӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи миллии олимпӣ ва ҶММ «Шириниҳои Шафоат» бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфарозонида шуданд, ки онро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов ва муовини раиси шаҳри Душанбе Санавбар Раҳимова супориданд.  

Май 18, 2009 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар