40 НАФАР ДОНИШҶӮЁНИ СУҒД САЗОВОРИ ИДРОРПУЛИИ РАИСИ ВИЛОЯТ ГАРДИДАНД
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 19 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими супоридани идрорпулӣ (стипендия)-ҳои раиси вилояти Суғд ба донишҷӯён ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсуси вилоят баргузор гардид. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханронии хеш дар ин маҳфил таъкид кард, ки: «Боварии комил дорам, ки донишҷӯён аз ин муваффақиятҳо саргарм нашуда, барои ба зинаҳои баланди камолоти маънавӣ баромадан пайваста кӯшиш менамоянд. Имкониятҳои ҳанӯз истифоданашуда ва шароитҳои мавҷуда барои ин ҳамчун заминаи боэътимод хизмат хоҳад кард». Сипас, сарвари вилоят ба 40 нафар донишҷӯён ва аспирантони донишгоҳҳои олӣ ва миёнаи махсус идрорпулии раиси вилоятро тақдим намуд. Маврид ба зикр аст, ки соли равон барои ҳар як донишҷӯ 600 сомонӣ ва аспирант 700 сомонӣ маблағ ҷудо гардид ва шумораи умумии гирандагони идрорпулии раиси вилояти Суғд нисбат ба соли гузашта 9 нафар афзуд. Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 19 май дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 31 нафар донишҷӯён аз 7 макотиби олии вилоят дар доираи баргузории «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» барои як ҳафта соҳиби мансаб шуданд. Қоҳир Расулзода инчунин ба иштирокчиёни «Ҳафтаи худидоракунии ҷавонон» шаҳодатнома супорид.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






