500 ДОНИШҶӯИ ТОҶИК ДАР «АЛ-АЗҲАР»-И ҚОҲИРА

Май 12, 2009 14:32

                     Душанбе, 12 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Намояндагони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит аз Ҷумҳурии Мисри Араб баргаштанд.                     Онҳо дар Қоҳира бо ректори донишгоҳи исломии «Ал- Азҳар» профессор Аҳмад ат- Тайиб мулоқот карда, масъалаҳои барқарор намудани робитаҳои мустақими ҳамкорӣ байни ду муассисаи таълимии исломиро мавриди баррасӣ қарор доданд.                    Мусоҳибон аз иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки зарфи солҳои охир дар бахши дини мубини ислом ва бузургдошти арзишҳои исломӣ пайгирӣ шудааст, изҳори хушнудӣ намуданд.                   Назар ба иттилои ректори донишкадаи исломии Тоҷикистон Абдуҷалол Ализода, дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши табодули таҷриба, ташкили курсҳо барои устодону донишҷӯён, таъмини донишкадаи исломии Тоҷикистон бо адабиёти динӣ-мазҳабӣ ва воситаҳои таълимӣ баррасӣ шуданд. Зикр шуд, ки ҷиҳати тақвияти робитаҳо дар ин самт санади ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасад, ки он аз сӯйи Тоҷикистон пешниҳод шудааст.                 Ҳамзамон, намояндагони Тоҷикистон бо Имоми Акбар шайхи Азҳари Шариф доктор Муҳаммад Сайид Тантовӣ дидору мулоқот намуданд.                  Бояд тазаккур дод, ки донишгоҳи «Ал-Азҳар» яке аз донишгоҳҳои бонуфузу қадимаи олами ислом ба шумор рафта, он соли 988 аз ҷониби сулолаи Фотимӣ ба шарафи духтарони паёмбари ислом Муҳаммад (С) Фотима ва Зӯҳро бунёд карда шудааст. Собиқ  Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Ҷамол Абдулнаср соли 1961 ба фаъолияти донишгоҳ тағйирот дароварда, дар он баъзе фанҳои дунявӣ, аз ҷумла ҳуқуқ, тиб ва кишоварзиро ворид сохт. Алҳол дар донишгоҳи бонуфузи қадимаи «Ал-Азҳар» ҳудуди 500 донишҷӯи тоҷик дар бахшҳои гуногун таҳсил менамоянд.

Май 12, 2009 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид