АГЕНТӢ ҲУҚУҚҲОИ ПРОКУРАТУРАРО БА ДАСТ ГИРИФТ
Душанбе, 8 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Қабули тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Тоҷикистон» салоҳияти Агентиро нисбатан боло бурд. Тибқи салоҳияти нави Агентӣ, баъди ворид шудани тағйиру иловаҳо ба қонун, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар ҳолати гумонбар донистани судя ё прокурор дар ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбати онҳо ҳуқуқи кушодани парвандаи ҷиноиро ба даст овард. Дар ҳолати аз тарафи кормандони прокуратура нисбати корманди Агентӣ кушодани парвандаи ҷиноӣ, фақат раиси Агентӣ ҳуқуқи баррасии парвандаи корманди худро дорд. Дар ҳолати розӣ набудани корманди прокуратура ба хулосаи раиси Агентӣ прокурор метавонад ба суд муроҷиат намояд. Чунин ба назар мерасад, ки ин тавр сурат гирифтани кор боиси барҳам задании коррупсия миёни кормандони ҳифзи ҳуқуқ хохад шуд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






