АМА БА ЛОИҲАҲОИ ОБИЮ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ХУШБИН АСТ

Май 13, 2009 08:33

                      Душанбе, 13 май. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). — 12 май вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои оби Амороти Муттаҳидаи Араб Рошид Аҳмад ибни Фаҳд мулоқот кард.                       Зимни мулоқот вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ аз сатҳи муносибатҳо ва алоқаҳои дуҷониба ёдовар шуда, онро баланд арзёбӣ намуд ва ҳамзамон, дар бораи самтҳои нави ҳамкорӣ шарҳи муфассал дода, ҷониби АМА-ро барои иштирок дар лоиҳаҳои ҳамкорӣ, ки характери минтақавӣ доранд, даъват намуд. Аз ҷумла, дар бораи сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти ҷумҳурӣ оид ба масъалаҳои обу энергетика, тавлиди нерӯи барқароршаванда ва тоза аз дарёҳои Тоҷикистон ибрози андеша карда, соҳибкорони Аморотро барои иштирок дар сохтмони иншооти энергетикии Тоҷикистон, хусусан НБО-ҳои хурд даъват намуд.                      Ҳамрохон Зарифӣ зикр намуд, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи CASA 1000 амалӣ мешавад ва нерӯи барқи дар Тоҷикистон ва Қирғизистон тавлидёбанда ба мамлакатҳои ҳамсоя — Афғонистон, Покистон ва кишварҳои дигари минтақа интиқол дода мешавад.                      Вазири ҳифзи муҳити зист ва захираҳои оби АМА аз кӯшишҳои давлати Тоҷикистон оид ба истифодаи об ва захираҳои обӣ, ки яке аз рукнҳои ҳуқуқи инсон ба шумор меравад, дастгирӣ намуд. Ӯ афзуд, ки ин нуктаро ҷониби аморотӣ дар саммити об дар Туркия, ки моҳи март баргузор гардида буд, таъкид кардааст. Дар ин замина аз мушкилоти Аморот доир ба масъалаҳои об ҳарф зада, Рошид Аҳмад ибни Фаҳд қайд кард, ки тарзи истифодаи ғайриоқилонаи об, ки дар мисоли ҳамсоягони Аморот низ дучор меояд, хатари ҷиддиро эҷод менамояд. Ӯ таъкид кард, ки мавзӯъҳои ҳамкориҳо, хусусан дар соҳаи обу энергетика бо мароқи том омӯхта мешаванд ва дар ин самт корҳои назаррас амалӣ хоҳанд шуд.                   Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии мамлакат хабар доданд.

Май 13, 2009 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад