АМАЛИЁТИ «КӮКНОР- 2009»
Душанбе, 20 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май ва то 30 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор- 2009» гузаронида мешавад. Дар ин амалиёт кормандони ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати маводи нашаъовар, Хадамоти гумрук, вазоратҳои адлия, тандурустӣ, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи радио ва телевизион, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи маркази ҷумҳурӣ ширкат менамоянд. Ситоди ҷумҳуриявии «Кӯкнор- 2009» дар назди Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва таъмини фаъолияти оперативии мақомот ва вазорату идораҳои муҳофизи қонуну тартибот фаъолият мекунад. Ғайр аз ин, дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ гуруҳҳои якҷояи зудамали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ таъсис дода шудааст, ки дар ҳамдастӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ ва мутахассисон, бо мақсади ошкор намудан ва несту нобуд кардани кишти ғайриқонунии растаниҳои нашаъдор ва худрӯй дар ҳамаи хоҷагиҳо, новобаста аз шаклашон ва барои ошкору пешгирии интиқоли ғайриқонунии моддаҳои нашаъовар назорат мебаранд. Мавриди зикр аст, ки дар шоҳроҳҳои Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Дарвоз-Душанбе, Душанбе-Ҷиргатол, Кӯлоб-Душанбе, Панҷ-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Турсунзода, Душанбе — Панҷакент, Хуҷанд — Исфара, ки асосан интиқоли ғайриқонунии маводи нашаъовар тавассути онҳо сурат мегирад, дидбонгоҳҳои доимӣ ва гурӯҳҳои зудамал ҷойгир шудаанд. Тавре аз АНМН ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар роҳҳои дигари ҳудуди ҷумҳурӣ баҳри пешгирии интиқоли маводи мухаддир дар минтақаҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои муваққатӣ ва чораҳои иловагӣ андешида шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






