АНҶУМАНИ ФЕДЕРАТСИЯИ ВАРЗИШИ ҶАНГИ ТАН БА ТАНИ ОСИЁ
Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). — Дар шаҳри Тошканд анҷумани навбатии Федератсияи варзиши ҷанги тан ба тани Осиё баргузор гардид. Дар он раиси Федератсияи варзиши ҷанги тан ба тани Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов иштирок дошт. Дар анҷуман ҳисоботи раиси Федератсияи варзишгарони ҳаваскори ҷанги тан ба тани қитъаи Осиё дар бораи фаъолияти федератсия дар давоми солҳои 2008 — 2009, ҳисоботи федератсияҳои миллӣ, ҳисоботи раиси ҳайати доварони федератсия, мавриди истифода қарор додани қоидаҳои нави варзиши ҷанги тан ба тан, ҷорӣ намудани варзиши мазкур дар байни занону бачагон ва интихоботи аъзои Кумитаи иҷроияи федератсия муҳокима шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар доираи анҷумани мазкур дар пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусобиқоти қаҳрамонии қитъаи Осиё дар намуди варзиши ҷанги тан ба тан баргузор гардид. Дар он варзишгарони тоҷик низ ширкат варзиданд.Аз ҷумла, варзишгари тоҷик Алиҷон Давлатов дар вазни то 60 килограмм сазовори медали тилло гардид. Варзишгари дигари Тоҷикистон Қиём Мирзоев дар вазни 85 килограмм медали нуқра ба даст овард. Ӯ дар қувваозмоии хотимавӣ бо варзишгари ӯзбек Бобоҷон Тағоев мағлуб шуд. Фаёз Муллоев дар вазни 65 килограмм ва Азимҷон Вайдуллоев дар вазни 70 килограмм медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






