АНҶУМАНИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОНУ АРАБИСТОНИ САУДӢ

Май 18, 2009 11:31

                         Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 22 май дар шаҳри Душанбе Анҷумани аввалини соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баргузор мегардад.                           Дар доираи ин Анҷуман баргузории намоишгоҳ, мулоқоти соҳибкорони Тоҷикистону Арабистони Саудӣ, имзои санадҳо ва мулоқоти ҳайати баландмартабаи Арабистони Саудӣ бо муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов, бо вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон дар назар аст.                         23 май ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо фаъолияти нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳайати соҳибкорони Арабистони Саудӣ аз НБО «Норак» дидан мекунанд.

Май 18, 2009 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд