АНДЕШАҲОИ МАРДУМ ДАР ТАҲИЯИ ҚОНУНҲО ИСТИФОДА МЕШАВАНД
Душанбе, 19 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Силсила вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон анҷом ёфт. Аз Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки муддати ду ҳафта вакилони Маҷлиси намояндагон дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳояи тобеи марказ бо интихобкунандагон вохӯрда нуктаҳои асосӣ ва аҳамияти Паёми Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонданд. Зикр шуд, ки самти асосии Паёми Президнети мамлакат ба рушди устувори иқтисодиёт, бунёдкорию созандагӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст. Ҳамзамон, дар ҷараёни мулоқоту вохӯриҳо масъалаҳои дигари вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар дар шароити бӯҳрони молиявӣ баррасӣ гардиданд. Тамоми пешниҳоду дархости мардум ба инобат гирифта шуда, дар таҳияи қонунҳои ҷадид мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






