АНДОЗАИ МУЗДИ МЕҲНАТ БЕҲТАР ГАРДИД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар соҳаи хоҷагии халқи шаҳри Ваҳдат дар семоҳаи аввали соли 2009 11ҳазору 621 нафар ба кор фаро гирифта шуда ба маблағи 4 млн. 102,6 ҳазор сомонӣ музди меҳнат дода шудааст, ки ҳисоби миёнаи он 178,9 сомониро ташкил медиҳад,-иброз доштанд дар шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва нафақаи ноҳия ба мухбири АМИТ «Ховар». Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 ба андозаи 48, 9 сомонӣ зиёд аст. Ҳисоби миёнаи музди меҳнат дар соҳаи саноат 290,8 сомонӣ, сохтмон 306,9, нақлиёт 180,7, кишоварзӣ 85,4, тандурустӣ 103,7, маориф 195,9, бонкҳо 364,6 ва савдо 214,8 сомониро ташкил медиҳад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






