«АНМН- 10 СОЛИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ НАШЪА»

Май 14, 2009 09:46

                      Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов). — Аз аввали моҳи апрели соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ чорабиниҳои васеъ таҳти унвони «АНМН- 10 соли мубориза бар зидди нашъа» бахшида ба 10- солагии таъсисёбии Агентии назорати маводи нашаъовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта истодааст.                      Тавре аз шӯъбаи рабитаҳои ҷамъиятии Агентии мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, барномаи чорабинӣ аз озмуни мусавараҳои кӯдакона, вохӯриҳо, тақсими варақаҳои иттилоотӣ ва буклетҳо, намоиши роликҳои иҷтимоӣ тавассути телевизион, мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла футболи хурд байни вазорату идораҳо, сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ , ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, иборат мебошад                      Инак, чанде қабл кормандони АНМН якҷоя бо намояндагони ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ мусобиқаи гӯштини тарзи дзю-до дар байни мактабҳои варзишии ноҳия гузаронид. Ба мусобиқа шумораи зиёди иштирокчиён ва тамошобинон ҷалб карда шуд. Ин ифодагари он мебошад, ки ҷавонон ба чунин маъракаҳо таваҷҷӯҳи бештар зоҳир менамоянд. Дар фарҷоми мусобиқа ба ғолибон мукофот ва тӯҳфаҳо аз номи АНМН супорида шуд.                  Дар доираи чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Агентӣ дар даҳаи дуюми моҳи май кормандони АНМН бо донишҷӯёни 8 мактаби олӣ вохӯрӣ мегузаронанд, ки вохӯрӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон баргузор гашт.  

Май 14, 2009 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд